Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон

26 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар фаъолияташ комёбӣ орзу намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE