Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Туркманистон мераванд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-5 август бо сафари давлатӣ ба Туркманистон мераванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.
«Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки ин сафари таърихӣ хоҳад буд», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Иттилоъ дод шуд, ки 28-29 июл дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.
Инчунин таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Туркманистон ҷиҳати татбиқи созишҳое, ки байни роҳбарияти олии ду кишвар соли 2019 дар Ашқобод ҳосил гардида буданд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2021 баҳри пешбурди ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон Харитаи роҳ қабул гардид, ки якчанд чорабиниҳои амали муштаракро дар бар мегирад.