Шуҷоати тоҷикон ва ғаму андӯҳи Ҳикматёр

Ё чаро Гулбиддин аз “Толибон” пуштибонӣ мекунад

Мавҷи бедодгариву зулм ва даҳшатфиканӣ болои мардуми бечора дар Афғонистон ҳамоно идома дорад. Ҳарчанд “Толибон”-и ваҳшӣ хунхору ҷаллод бо ба даст овардани қудрат эълон доштанд, ки аз ин кирдор даст мекашанд. Муҳимтарин иттилоъ ва ё худ таҳаввулоте, ки ҳафтаи гузашта вирди расонаҳои дохил ва хориҷ давр мезад, пуштибонии Тоҷикистон аз ақалиятҳои миллии Афғонистон, махсусан тоҷикон  ба шумор мерафт. Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон ва ҷосуси хеле фаъоли “Толибон” рӯзи ҷумъа 27-уми август, дар намози ҷумъа бо вокуниши паштуии хеш пуштибони аз толиб карду ишора ба он намуд, ки “Тоҷикистон ғами худро хӯрад”. Таърих гувоҳ аст, ки талошҳои Гулбиддини беор ва фурӯхташуда дар ҳама давру замон барои манфиати худ ва гурӯҳи “Толибон” буд.  Ҳатто замони Аҳмадшоҳи Масъуд талош мекард то Панҷшериёнро дар набард мағлуб сохта, мақсадҳои нопоки худро муқобили онҳо анҷом диҳад.

 

Бисёр коршиносон бар он назаранд, ки Ҳикматёр Афғонистонро барбод дода, сабаби ҷанги дохилии солҳои 90-ум ва мусибатҳои баъдии Афғонистон маҳз ӯ мебошад. Ҳикматёр душмани аслии тоҷикон, бахусус тоҷикони дар хоки Афғонистонбуда ба шумор меравад. Маҳз ин ҳақиқати бебаҳси ҷониби Тоҷикистон дар пуштибонии Афғонистон ва ақалиятҳои миллӣ боиси вокуниши тунди ин фурӯхташуда ва бадхоҳ гардид. Ҳатто ҳамин гуна ба назар мерасад, ки ӯ ба мурдаи Аҳмадшоҳи Масъуд рашк мекунад. Чун хостори побарҷо мондани “Толибон” ҳукумати паштуӣ ва сарнагун кардани Аҳмадшоҳи Масъудро дар сар мепарварид. Бо ташаббусҳои разилонааш дар намози ҷумъа пуштибонӣ аз “Толибон” мекард ва ишора ҳам намуд, ки “Толибон” “Афғонистонро озод карданд ва корҳои бузурге дар пеш доранд”.  Мардумфиребиву ҷаҳолат болои занону кӯдакон, ғоратгариву пастфитратӣ, ки ҳар рӯз вирди расонаҳои хориҷӣ, бахсус худи Афғонистон давр мезанад, магар ҳамин аст ислом?

 

Тоҷикистон дар ҳама давру замон аз ақалиятҳои миллӣ бахусус ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон пуштибонӣ мекарду мекунад. Пуштибонии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ақалиятҳои миллӣ бахсус тоҷикон, ки 46-дарсади аҳолиро дарбар мегиранд, ҳанӯз замони ҷанги шаҳрвандӣ низ ба назар мерасид. Чун новобаста аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон замон ҳам дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа дар канори тоҷикони Афғонистон ва дигар ақалиятҳои миллии ин кишвар буданд. Аз ин вокунише, ки Ҳикматёр дошт, бармеояд, ки бо роҳбарони “Толибон” мувофиқа шудаасту барои азми қавии мардуми Панҷшерро аз байн бурдану дар набард мағлуб сохтан рӯйи даст гирифта шудааст.

 

Пас набояд фаромӯш сохт, ки Тоҷик дар ҳама давру замон шуҷоату мардонагиро дар вуҷудаш мепарвариду муқобили ҳама зуҳуроти манфӣ ва хатар қаҳрамонӣ нишон медод. Имрӯз низ ин ҳуввият дар вуҷуди ҳар яки мо аст. Мо ҳаргиз аз ҳаққу ҳуқуқи худ заррае намхоҳем гузашт. Чун Хуросони бузург асосан сарзамини таърихии мост ва  фарҳангу ҳуввияти худро барои ҳамеша пос хоҳем дошт.  Изҳороти пучу иттиҳомбарангези Ҳикматёр, натанҳо рӯҳияи озодихоҳии ақвоми ғайрипаштуро шикаста наметавонад, балки нафрати онҳоро ба фашизми хашини толибонӣ бештар карда, иттиҳоду ҳамбастагиро барои решакан кардани афкори пусидаи толибонӣ бештар месозад

 

                                                       Шодонҷон Султонов муовини

сармуҳаррири шабакаи

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE