Сарвазири Покистон гуфтушунид бо “Толибон”* – ро оғоз кард

Покистон ба муколама бо аъзои ҳаракати “Толибон”-и радикалӣ* оид ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон шурӯъ кард. Дар ин бора Сарвазири ҷумҳурӣ Имрон Хон дар Твиттер хабар дод.

Вай зикр намуд, ки ба ҳайати ҳукумати Афғонистон бояд намояндагони миллатҳои гуногун шомил шаванд. Имрон Хон таъкид кард, ки музокиротро бо ҷангҷӯён дар бораи тағйири ҳукумати Афғонистон пас аз мулоқот бо роҳбарони кишварҳои ҳамсояи ҷумҳурӣ ва «хусусан пас аз мубоҳисаи тӯлонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» оғоз кардааст. «Ман аллакай бо “Толибон”* оид ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тоҷикон, ҳазораҳо ва узбекҳо ба муколама оғоз кардам», — таъкид кард ӯ.

Сарвазири Покистон гуфт, ки чунин таркиби девони вазирон ба истиқрори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд, ки тағйирот на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки тамоми минтақа мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 17 сентябр дар мулоқот дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон дар бораи ташкили музокирот байни толибон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Сарвари Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла, иброз доштанд, ки тоҷикон ва дигар қавмҳо бояд дар ҳукумати фарогир ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

«Танҳо бо ин роҳ метавон сулҳу субот дар Афғонистонро таъмин намуд»,- гуфт ӯ.

_________________________

* Толибон —  ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнуъ аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE