Президенти мамлакат бо боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» шинос шуданд

21 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуданд.

Боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” 5 соли қабл дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёд шуда буд ва дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбад, ки ба содирот нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аснои сафари корӣ соли 2016 дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ ба масъулон супориш дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” майдони умумии боғи интенсивӣ дар ин мавзеъ ба 34 гектар расонида шуда, беҳтарин навъҳои себу нок, олу ва дигар ниҳоли дарахтони мева парвариш карда мешавад.

Баъди васеъ намудани майдони боғи интенсивӣ дар ин ҷо зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз майдони 34 гектар боғи интенсивии мавҷуда 20 гектари он ҳосилдеҳ буда, дар 10 гектар ниҳоли дарахтони нодири ороишию ҳамешасабз, ки аз Белгия, Голандия ва Полша оварда шудааст, парвариш меёбад.

Аз нашъунамои хуби ниҳолҳо ва серҳосилии дарахтони мева аён аст, ки агротехникаи парваришро мутахассисон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд.

Бо дарназардошти мутобиқ будани ин мавзеъ барои парвариш ва нашъунамои хуби ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ, ки аз кишварҳои аврупо дастрас карда мешавад, тадриҷан майдони парвариши он васеъ карда хоҳад шуд.

Дар айни замон бо истифода аз шароити мавҷуда мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” парвариши навъу намудҳои нодири ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, ки ҷиҳати зебою назаррабо гардонидани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, саҳни биноҳои маъмурӣ ва кӯчаву хиёбонҳо истифода карда мешавад, ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин азм гирифта шудааст, ки дар ин минтақа гармхона барои парвариши навъу намудҳои гули садбарг ва хризантема бунёд карда шавад.

Дар оянда барои васеъ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» бунёди сардхона барои нигоҳдории то 5 ҳазор тонна мева, коргоҳҳои истеҳсоли қуттиҳо ва коркарди меваҳо ба нақша гирифта шудааст.

Барои обёрии боғи интенсивӣ се чоҳи амудӣ бунёд карда шудааст, ки ин тадбир барои дар оянда васеъ намудани майдони боғот дар ин мавзеъ имконият фароҳам меорад.

Дар асоси дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ парвариши хуч низ ба роҳ монда шудааст, ки талабот ба он хеле зиёд аст, зеро хусусияти шифоӣ дорад.

Дар боғи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба иқлими маҳал мутобиқ намудани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои лазизу хуштамъи Тоҷикистон ва татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бунёди боғҳои нав дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ, инчунин ба истеҳсолу содироти меваҳои шаҳдбори аз ҷиҳати экологӣ тоза ба хориҷи мамлакат мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои кишоварзон ва корхонаҳои саноатии ноҳияи Рашт шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар намоиши дастовардҳои кишоварзон беҳтарин навъҳои себу нок, сабзавоту полезиҳо, зироати лубиёгӣ, намунаҳои маҳсули кадбонуҳо, аз қабили нону кулчаҳо, ширинию маҳсулоти ширӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар ноҳияи Рашт имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7663 гектар кишти зироат гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 24,3 гектар зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 68 миллиону 660 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 801 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 101,2 фоизро ташкил медиҳад.

Техникаю мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ба намоиш гузошта шуда буд, барои рушди соҳа ва самтҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба деҳқонон дастрас карда мешавад.

Дар як гушаи дигар намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаву коргоҳҳои ноҳияи Рашт ташкилу ба роҳ монда шуд, ки нишондодҳои истеҳсолии онҳо низ солҳои охир рӯ ба афзоиш аст.

Истихроҷу коркарди ангиштсанг дар конҳои мавҷудаи ноҳияи Рашт солҳои охир вусъат дошта, аз ин ҳисоб таъмини ташкилоту муассисаҳо ва дигар соҳаҳои буҷетӣ бо ангишти хушсифат сол аз сол бештар мегардад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳияи Рашт 12 миллиону 318 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳияи Рашт рушд карда, саршумори зотҳои сермаҳсул дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёд мегардад.

Нишондодҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт сол аз сол баланд гардида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE