Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии ба номи “Абӯалӣ ибни Сино” дар ноҳияи Вахш

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш дар деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон Беморхонаи клиникии ба номи «Абуалӣ ибни Сино» – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Вахш аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар асоси нақша – чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов бунёд гардидааст.

Иншоот дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занона, амрози даруна ва шуъбаи кӯдакона буда, бо тарҳи зебо бо ҷалби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.

Дар асоси лоиҳа дар таҳхонаи бино маъмурият, ду адад дорухона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷараҳои қабули корафтодагон ҷойгир карда шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 40 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Ҷароҳатхона, шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва амрози занона, кӯдакона, амрози дарунӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва ҳуҷараҳои бистаринамоии беморхона дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ҷойгир мебошанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи сиҳатии ҷомеа, ки бойгарии давлат маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи хосса медиҳад.

Дар ҳамин замина дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо татбиқи барномаҳои гуногун ва афзоиш додани маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беморхонаҳои нав сохта шуда, биноҳои мавҷуда таъмиру навсозӣ гардидаанд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири хизматрасонӣ дар бинои хуштарҳи Беморхонаи клиникии ба номи “Абӯалӣ ибни Сино” иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Вахш 76 муассисаи тандурустӣ мавҷуд буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои бунёдӣ дар ин беморхона моҳи августи соли 2017 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави соҳаи тандурустӣ баробари муҳайё сохтани шароити мусоиди табобату муолиҷаи корафтодагон барои таҷрибаомӯзии таҳсилкунандагони Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш низ заминаи хубро фароҳам овардааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Россия ва Олмон дастрас гардидаанд.

Бо дарназардошти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти табибон дар беморхона 43 утоқи кории барҳаво бунёд ва бо мебелу дигар лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагӣ баҳои баланд дода, бо изҳори сипосу миннатдорӣ амали ҷавонмардонаи соҳибкорро барои бартарафсозии мушкилоти сокинон дар самти дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ шоистаи таҳсин хонданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони беморхона барои истифодаи пурсамар аз шароити фароҳамгардида ва истифодаи тамоми малакаю маҳорат ҷиҳати ҳифзи сиҳатии сокинон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади такмили инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, татбиқи барномаҳои гуногунро рӯйи даст гирифта, бо бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазсозии иншооти соҳаи тандурустӣ дар ин самт дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.

Дар ноҳияи Вахш ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 муассисаи нави тандурустӣ сохта шуда, бинои Беморхонаи марказии ноҳия пурра навсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин карда мешавад.

Дар идомаи тадбирҳои созандагӣ атрофи бинои Беморхонаи клиникии ба номи “Абуалӣ ибни Сино” бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зиннат дода шуда, дар саҳни он ду фаввора низ сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ дар беморхона ва суҳбати самимӣ бо кормандони он дар ҳамин ҷо ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва табибони ин беморхона санги асос гузоштанд.

Биноҳои нави истиқоматӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Юсупов дар масоҳати 1 гектар замин сохта мешавад.

Тарҳи лоиҳаи иншоот аз ду бинои панҷошёна иборат буда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан имкон аст, ки дар он 60 нафар омӯзгор бо манзили зист таъмин гарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёну бинокоронро ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ҳидоят намуда, ба масъулон ҷиҳати иҷрои корҳо ва истифода аз масолеҳи аълосифат дастуру супоришҳо доданд.

Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тибби ноҳияи Вахш 45 нафар омӯзгори дорои тахассуси баланд фаъолият дорад ва дар асоси сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аз тамоми шароити кору фаъолият бархӯрдоранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE