Оғози мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии 5 км роҳи мошингарди Зафаробод-Бекобод то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд,  ки бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён доранд.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Зафаробод низ дар ин раванд даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёду навсозӣ гардида,  мардум бо рӯҳияи баланд баҳри таҷлили сазовори ҷашни таърихӣ талош доранд.

Иттилоъ дода шуд,  ки роҳи мумфаршшаванда дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод ҷойгир буда, дарозии  умумии он 34,2 километр аст. Масоҳати роҳи мумфаршшаванда 5 км аст ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷроуд” аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE