Шарҳи Кумитаи давлатии идораи замин дар мавриди авфи амвол

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон» қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021  Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардорнии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда тасдиқ гардидааст.

Аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки  муттассифона, то ҳол дар байни мардум вобаста ба қонуни мазкур баъзе нофаҳмиҳо мавҷуд буда, баъзе сокинони мамлакат гумон доранд, ки заминҳои худсарона ишғолшуда, ки дар он сохтмонҳои ғайриқонунӣ мавҷуданд, мавриди авф қарор мегиранд.

Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ва тавзеҳи дурусти банди 3, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон» Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои мухтасари онро пешкаши хонандагон менамояд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи кулли сокинони мамлакат мерасонад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 январи соли 2021 пешниҳод намуда буданд, ки «бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод менамоям, ки соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад».

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон» қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад.

Дар банди 3, моддаи 5 Қонуни мазкур ба таври мушаххас таъкид шудааст, ки «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза метавонанд қонунӣ гардонанд, агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин мақсад ҷудо шуда бошад, сохтмон мутобиқи таъйиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунад, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгир таҳдид накунад».

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, сохтмони худсарона сохтмоне ҳисобида мешавад, ки қитъаи замин барои бунёди онҳо ба шаҳрвандон ҷудо гардида, бо қарорҳои дахлдори мақомоти давлатӣ тибқи таъйиноти мақсаднок ҷудо гардида, сохтмонҳо дар он бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатномадиҳӣ сохта шудаанд, вале ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба даст оварда нашудааст, бинобар ин он мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди авф қарор мегирад.

Заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва дигар хоҷагиҳои таъйиноти заминҳояшон ба гурӯҳи заминҳои кишоварзӣ дохил ба қонунигардонӣ фаро гирифта намешаванд, яъне сохтмонҳое, ки дар замини корам, дарахтони бисёрсола (боғоту токзор), алафдарав, чарогоҳҳо худсарона бунёд шудаанд, ба қонунигардонӣ фаро гирифта намешаванд.

Тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон «қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифода бурдани сарф шудааст, мувофиқи таъйиноташон баргардонида мешаванд. Ба ҳолати барои истифодаи мувофиқ баргардонидани қитъаҳои замин, аз ҷумла бартараф намудани сохтмон аз ҳисоби шахсоне, ки қитъаҳои заминро худсарона ишғол намудаанд, амалӣ карда мешавад». Бинобар ин, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи сокинони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки фирефтаи суханони ҳар гуна афрод нашуда, китъаҳои заминро худсарона, бе ҳуҷҷати тасдиқунандаи мақомоти дахлдори давлатӣ ишғол накунанд.

Тибқи талаботи моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба ҳар гуна шарҳу тавзеҳи нодурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон» аз ҷониби афроди алоҳидаи манфиатҷӯ худдорӣ намуда, барои гирифтани ҷавоби дурусту қонунӣ ба комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор доранд, муроҷиат намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE