Дар Душанбе масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 3 май дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия.

Дар мулоқот, аз ҷумла дар самти дастгирии бахши хусусӣ, бозори молиявӣ ва барориши қоғазҳои қиматнок, курсҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ, инчунин татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок сухан гуфта шуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд баён доштанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE