Душанбе: Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора, кумита, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, шарикони рушд иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур яке аз омилҳои муҳим ва василаи арзишманд баҳри таҷаммуи фикру андеша ва хулосаҳои илман асосноки иштирокчиёни он ба шумор рафта, дар марҳилаи нави раванди ислоҳоти соҳа дар самти таъмини рушди устувори сиёсати иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар, ба хусус дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.
Зикр шуд, ки раванди пиршавии демографӣ дар тӯли даҳсолаҳои охир, вобаста ба тақдири ҳар як инсон, хусусияти умумиинсонӣ пайдо карда, боиси тағйирёбии сохтори аҳолӣ дар рӯи замин гардидааст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон як қатор мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд овард. Аз рӯи маълумотҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар асри ХХ давомнокии умри аҳолии ҷаҳон 20 сол афзоиш ёфта, тибқи пешгӯиҳо, интизор меравад, ки то соли 2050 умри мардум то 10 соли дигар афзоиш ёфта, беш аз 2 миллиард нафар пиронсолон дар рӯи замин зиндагӣ хоҳанд кард. Натиҷаи ин раванд чунин хоҳад буд, ки бори аввал дар таърихи инсоният шумораи пиронсолон (аҳолии аз 60-сола боло) ба шумораи одамони синни 15 -сола баробар хоҳад шуд.
Нишондиҳандаҳои демографии пиршавии аҳолии ҷаҳонро коршиносони СММ “инқилоби ором” меноманд, ки оқибатҳои фарогир ва пешгӯинашаванда дорад. Бо дарназардошти суръати пиршавии аҳолӣ дар ҷаҳон ва мушкилоти ҷиддии ба миён омада, дар соли 2002 Нақшаи байналмилалии амали Мадрид оид ба пиршавӣ таҳия ва ба сарони давлатҳои аъзои СММ пешниҳод карда шуд. Мутобиқи қарори қабулгардида, ҳама кишварҳое, ки узви СММ ҳастанд, бояд тибқи муқаррароти Нақшаи амали Мадрид ҳар 5 сол дар бораи кор бо шахсони солхӯрда гузориши кишварҳоро пешниҳод мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар равандҳои пиршавии аҳолӣ истисно набуда, оқибатҳои ин “инқилоби ором” ба мо низ таъсири худро хоҳанд расонид. Бинобар ин, пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки бо афзоиши давомнокии умр алоқаманд аст, як далели собит аст, ки борҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда шудааст. Бори аввал маълумот дар бораи пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба парлумониҶумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 2013 ва 2015 мутаносибан қайд карда шуд, ки дар он давомнокии миёнаи умри аҳолӣ аз 68,2 сол дар соли 2000-ум то 72,5 сол дар соли 2011 афзоиш ёфтааст. Дар соли 2015 давомнокии миёнаи умр ба 74,3 сол расид, ки нисбат ба соли 2000-ум 5 сол зиёд аст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 қайд гардид, ки давомнокии миёнаи умр нисбат ба соли 2000 (ки он замон 68,2 сол буд) ба 75 сол баробар буда, дар ин давра 6,6 сол афзоиш ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 шумораи одамони синнашон аз 60 сола боло беш аз 11,5% аҳолии ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод, ки ин метавонад мушкилоти муайянеро ба миён оварда, ҳалли фавриро талаб мекунанд.
Дар ин раванд масъалаҳои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони пиронсол, таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ ва пеш аз ҳама ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз пеш муҳимияти хоса пайдо намуда, бояд дар радифи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода шаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, аз ҷумла хизматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо, муайян намудани роҳҳо ва усулҳои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои афзалиятноки давлат, ки дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” муайян карда шудаанд, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Пиршавии аҳолии курраи замин ва мутаносибан андешидани чораҳои таъминкунандаи кафолатҳои иҷтимоии пиронсолон яке аз омилҳои эҳтиёҷот ба зиёд намудани захираҳои молиявӣ, тандурустӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Барои пиронсолон дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон маблағи зиёд ва захираҳои тандурустию иҷтимоӣ истифода мешаванд. Аз ин рӯ, бо мақсади дар тамоми давраи ҳаёт расонидани хизматҳои тиббию иҷтимоӣ бояд шаклҳои нави хизматрасонӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ мебошанд, дарёфт карда шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи байналмилалии амалҳои Мадрид бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» Бахши геронтология таъсис дода шудааст, ки муассиса дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дастурҳои методӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин самт шурӯъ намудааст.
Тоҷиддин САТТОРЗОДА,
“Садои Душанбе”