Шамила Наир-Бедуэлле: Нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об хеле муҳим аст

11 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлим баррасӣ шуда, Сироҷиддин Муҳриддин бо изҳори сипос ҳамкории судманди ЮНЕСКО-ро дар ин бахшҳо зикр кард. Ҷониби Тоҷикистон ҳамзамон аз намояндаи ЮНЕСКО ҷиҳати ҳамкории Созмон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва пайгирии ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи обшавии пиряхҳо даъват ба амал овард.

Дар навбати худ хонум Шамила Наир-Бедуэлле аз ҳамкориои самаранок бо Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.

Намояндаи ЮНЕСКО омодагии ин ниҳоди бонуфузро барои дастгирии минбаъдаи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар масъалаҳои глобалии вобаста ба об, ки бо ташаббуси Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иброз дошт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE