Корманди Радиои Тоҷикистон барандаи шоҳҷоизаи озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” бахшида ба Рӯзи Президент
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмун эълон карда буд, ки дар он олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карданд.
Асарҳои пешниҳодшуда дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ офарида шуда, фарогири дастовардҳои се даҳсолаи аввали истиқлолият ва хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил, ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буданд.
Ба унвони рӯзнома фиристода шудани беш аз 300 матлаб ва рӯи чоп омадани беш аз 200 мақолаи озмунӣ аз ҷониби муаллифони дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла иштирокчиён аз мамлакатҳои Россия, Британия Кабир, Олмон, Қатар, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон далели рӯшани қаҳрамониҳои беназири Пешвои миллат аст. Озмун аз 10 июн то 10 ноябри соли 2021 идома ёфта, 17 ноябри соли равон дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст гардид.
Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Носирҷон Маъмурзода барои мақолаи «Қаҳрамони ваҳдат ва сипари истиқлоли Тоҷикистон», Муҳаммаддовуд Саломиён барои мақолаи «Пешвои миллат ва рушди маорифу илм», Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар барои мақолаи «Шоҳиди Ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳастам» сазовори мавқеи дуюм; Адибаи Хуҷандӣ барои мақолаи «Симои миллат», Ҷумъаи Ҷамол барои мақолаи «Номгузорӣ ва насабсозиҳои миллӣ аз Пешвои миллат оғоз шуд» сазовори зинаи дуюм гардиданд. Ҷои якумро академик Кароматулло Олимов барои мақолаи “Қуввае ҳаргиз набошад азмро орад завол” ва Шоҳҷоизаро муаррих, фарҳангшинос, рӯзноманигор корманди Радиои Тоҷикистон Ҷонибек Асрориён барои мақолаи “Инсоне ба сурати миллат” соҳиб шуд.
Ҷоизаи махсуси вилояти Хатлон мутобиқи қарори қабулнамудаи ҳайати ҳакамон насиби Аҳмадзоҳири Ҷаҳиш барои мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон дӯсти дерин ва собитқадами Аҳмадшоҳи Масъуд” гардид. Бо Ҷоизаи махсуси «Ҷумҳурият» бошад, профессор Мурод Муродӣ барои мақолаи “Сарманшаи самараҳои истиқлол” қадр шуд.