Сомонаи шабакаи Садои Душанбе дар озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» мақоми дуюмро соҳиб гашт
Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар кохи Суруши пойтахт, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ва ҷоизадорони озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯи даст омада, ҳадафи баргузории он пеш аз ҳама рушди фарҳанги техникии аҳолӣ, мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт тавассути истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи сиёсати ҳукумати электронӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Дар оғози чорабинӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Фирдавс Саидзода баромад намуда, ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳоро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрик гуфта, ба онҳо барои фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам баландтар барору муваффақият таманно намуданд.
Дар баромад ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯзҳо мавзӯи илму маориф ва зарурати тақвияти ин соҳа мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои гуногуни зеҳнӣ яке аз василаҳои асосии рушд ва инкишофи донишу маърифат ва истеъдоду лаёқати хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Ҳамчунин Президенти мамлакат қайд намуданд, ки ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии мардум равона гардидааст.
Ҳафтаи илм,технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 ноябри соли 2021, таҳти №652 бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот тавассути эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, ҷалб намудани хонандагон, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон эълон гардида, он аз 15 то 20 ноябри соли 2021 дар шањри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд.
Дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” чорабинињои гуногун, аз ҷумла Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни он баргузор карда шуданд.
Дра доираи ҳафтаи мазкур ҳамасола Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагони шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони шаҳри Душанберо ташкил ва баргузор менамояд. Имсол дар Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони шаҳри Душанбе аз ҷониби иштирокчиён зиёда аз 300 лоиҳаҳои эҷодӣ пешниҳод карда шуданд. Дар натиҷа 117 нафар соҳиби дипломҳои дараҷаи 1,2,3 гардида, 11 нафари онҳо аз рӯи бахшҳои озмунӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд. Шабакаи Садои Душанбеи Радиои Тоҷикистон, ки зертобеъи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ҷоизадори мақоми дуюми ифтихорӣ гардид.
Барои ширкат дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” бошад, довталабони зиёде ширкат намуда, дар натиҷаи он ғолибон аз рўйи 4 номинатсия муқаррар карда шуданд.
Сипас ғолибони озмунҳои зикргардида як як ба саҳна даъват гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплому ҷоиза ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.