Даргузашти Рассоми халқии Тоҷикистон

Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов аз олам даргузашт.

Исуфҷон Сангов 5 августи соли 1944 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Дар Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатии шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳсил карда, фаъолияти кории худро ба ҳайси омӯзгори фанҳои тахассусӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов оғоз намудааст. Асарҳои эҷодкардаи ӯ дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва хазинаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, инчунин дар осорхонаҳо ва нигористонҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфузанд мебошанд.

Дар эҷодиёти Исуфҷон Сангов нақшу нигори мардумӣ бо обу ранги бадеӣ пурфасоҳат таҷассум ёфта, дар онҳо робита бо анъанаҳою афкори миллӣ устувор аст. Аз ин ҷост, ки санъати рассом дар ҷумҳурӣ ва хориҷ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Исуфҷон Сангов то охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси профессори кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев барои мукаммал гардонидани соҳаи санъат ва рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн, инчунин лоиҳаҳои рушди соҳа хизматҳои арзанда намудааст.

Исуфҷон Сангов барои хизматҳои назаррас дар инкишофи санъати тасвирии тоҷик ва тарбияи ҳисси зебоипарастии мардум бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, соли 2003 бо унвони Рассоми халқии Тоҷикистон ва соли 2004 бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ сарфароз гардонида шудааст.

Рӯҳи марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE