Душанбе: Мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо фаъолон
Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Ин нуктаро дирӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт бо фаъолон, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардид, баён дошт.
Мавсуф иброз дошт, ки таҳлили вазъи чинояткорӣ нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба 4 ҳазору 764 адад ва дар 9 моҳи соли 2021 ба 3552 адад баробар гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 2019 182 адад ва 9 моҳи соли 2020 343 адад кам аст.
Зикр шуд, ки бештари ин ҷиноятҳоро дар шаҳр дуздӣ, қаллобӣ, авбошӣ, тайёр намудан ва фурӯши маводи нашъаовар ташкил медиҳанд. Мавсуф тазаккур дод, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намуда, барои аз байн бурдани омилҳои иҷтимоӣ пайваста чораҷӯӣ менамоянд.
Мулоқоти мазкур бо ташаббуси мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мақсад аз баргузории он татбиқи босамари бандҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020 тасдиқ шудааст, инчунин таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон, баррасии сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилгардии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирӣ ва профилактикӣ, ҳамчунин таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Дар мулоқот кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занон, ҷавонон, варзишгарон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, фаъолону намояндагони марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои ҳар сокини пойтахт, ғамхории васеъ нисбат ба ҳар қишри ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар сокини пойтахтро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъаманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Бозоралӣ Сафарализода иброз дошт, ки пешгирии маводи нашъамандӣ дар баробари мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи мухаддир маҳсуб мешавад. «Солҳои охир сатҳи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, дар нуҳ моҳи соли равон тибқи ҳисоботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 4 ҳазору 840 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2017 207 нафар кам мебошад»,- афзуд ӯ.
Ба зикри Бозоралӣ Сафарализода, дар самти коҳш додани ин омил раисони маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, имомхатибони масҷидони ҷомеъ, шахсони фаъоли маҳалла бо мардум дар хусуси даст назадан ба маводи мухаддир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати фалокатбор будани оқибатҳои он маълумоти онҳоро бояд баланд бардоранд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон роҳбарияти раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он перомуни баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони пойтахт, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳанг ба камол расонидани насл наврас, чалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, омодабошии ҷавонон ба ҳимояи марзу буми кишвар ва тақвияти фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона ҷиҳати боз ҳам сарсабзу обод гардонидани диёр, анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи кишвар сухан гуфтанд.