Душанбе: Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2021» ҷамъбаст гардид
Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ 17 декабр маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2021» баргузор шуд, ки он аз рӯи шаш номина ҷамъбаст гардида, ба ғолибон Диплом ва маблағи пулӣ аз 500 сомонӣ то 1500 сомонӣ муқаррар гардида буд, қадрдони шуданд, – иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Озмуни мазкур аз охири моҳи ноябр эълон гардид, ки 41 нафар довталабон маҳсули эҷодли худро пешкаш намуданд. Баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон 18 нафар аз рӯи шаш номина ғолиб дониста шуд.
Дар оғози маросим муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, ки бо иқдомот ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди китобу китобхонӣ пайваста беҳтару хубтар мегардад. Пешвои миллат дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси олии мамлакат соли 2019 масъалаи нашри китоб ва оммавигардонии мутолиаи китобро махсусан таъкид карданд: «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Сипас бо иштироки олимону донишмандон, намояндагони Вазорати фарҳанг муаллифони зерин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2021» аз рӯйи шаш номина ва ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд:
Дар номинаи китоби назм: ҷои якумро «Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло,ҷои дуюмро «Дидаи дард»-и Гурез Сафар, ҷои сеюмро «Нотаи сабз»-и Раънои Хуршед сазовор гардиданд.
Дар номинаи китоби наср: ҷои якумро «Кайфар»-и Дилвари Мирзо, ҷои дуюмро «Кӯҳи оҳан»-и Сайдаҳамади Зардон ва Хушқадам Холиқов, ҷои сеюмро «Биё, ки фолат бинам»-и Холиқназар Ҷумъазода гирифтанд.
Дар номинаи асарҳои публисистӣ: Таълифи дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ҷои якум, «Дидгоҳи давлатмеҳвар»-и Абдуллоҳи Раҳнамо ҷои дуюм ва «Тоҷикистони дирӯзу имрӯз»-и Ҷаъфар Ранҷбар ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинаи асарҳои назми бачагона: ҷои якум ба «Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа»-и Низом Қосим, ҷои дуюм ба «Одоб ҳусни инсон аст»-и Маҳбуба Неъматова ва ҷои сеюм ба «Барбоси ман»-и Нуруллои Ориф сазовор дониста шуд.
Дар номинаи асарҳои насри бачагона: «Ситорачаи даруни себ»-и Сафияи Носир ҷои якум, «Бобо»-и Баҳром Фирӯз (ба забони русӣ) ҷои дуюм, «Дӯстӣ бузург»-и Дурдонаи Зафар (ба забони англисӣ) ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ: ҷои якумро «Қонуни тиб»-и Сайнуриддин Шаҳобиддинов, ҷои дуюмро «Се шоҳкор» Луиҷи Пиранделло «Шодравон Матиа Паскал», Френсис Скотт «Гетсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе «Гурги даштӣ»-и Салими Зарафшонфар ва ҷои сеюмро «Бруно Ясенский ва Тоҷикистон»-и Бурҳон Салмон, Элвира Султонова сазовор гардиданд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик мебошад.
Мавриди зикр аст, ки китобҳои ба озмун пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ҷавобгӯ мебошанд.