ДМТ: Мақоми ифтихории донишҷӯён дар олимпиадаи байналмилалӣ
Дастаи донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи II байналмилалии интернет-донишҷӯёни «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон», ки аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва шарикии ғайритиҷоратии «Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Авруосиё-Волга» баргузор гардид, сазовори як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Донишҷӯи курси дуюми факултет Муҳаммад Ибрагимов сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи курси чоруми факултети мазкур Ромиш Наврӯзов ва донишҷӯи курси се Мубориз Низомов сазовори ҷои дуюм гардиданд. Инчунин Шерзод Ҳакимов, Тоҷиддин Одиназода ва Динора Қаландарова ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардида буд.