ҲХДТ: Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ватандор» таъсис ёфт
Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Ватандор» таъсис дода шуд, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар асоси талаботи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оймнномаи ҳизб кормандони Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои пайвастан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ариза пешниҳод намуданд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ, ба ғайр аз раисони суд ва судяҳо дигар кормандони дастгоҳи судҳо метавонанд аъзои аҳзоби сиёсӣ бошанд.
Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ 30 декабр дар маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси муассисон ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ сухан гуфтанд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдурахим Шохиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.
Дар кори маҷлис оид ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шарвандон ибрози андеша карда шуд. Роҳбарияти ташкилоти ҳизбии “Ватандор”интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб ботантана супорида шуданд.