72 сол аз гузашти қатъномаи СММ оид ба Кашмир: Оё таниш миёни Покистону Ҳиндустон коҳиш ёфтааст?
72-сол муқаддам, қатъномаи СММ оид ба Кашмир қабул гардид, ки он ҳалли масъалаи минтақаи Ҷамму ва Кашмирро бо усули демократӣ кафолат дода буд.
Ҳамасола, 5-уми январро кишвари Покистон ҳамчун рӯзи «ҳуқуқи худмуайянкунӣ» ҷашн гирифта, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки ба ин масъала таваҷуҳ намоянд. Акнун бо гузашти 7 даҳсола танишҳо миёни Ҳиндустон ва Покистон дар масъалаи минтақаҳои мазкур идома дорад.
Бархе аз расонаҳои маҳаллӣ аз он хабар медиҳанд, ки дар сурати риоя нагардидани ҳуқуқи сокинони Ҷамму ва Кашмир аз ҷониби кишвари Ҳинд метавонад авзоъи Осиёи Ҷанубӣ муташаниҷ гардад. Дар робита ба ин масъала Президенти Покистон Ориф Алвӣ ва сарвазири ин кишвар Имрон Хон ҳангоми суханронии худ бахшида ба рӯзи «ҳуқуқи худмуайянкунӣ» гуфтаанд, ки пойдории сулҳу субот дар Осиёи Ҷанубӣ маҳз ба ҳали осоиштаи баҳси Ҷамму ва Кашмир вобаста аст.
Тавре ки хабаргузории”Ррегиюм” иттилоъ медиҳад, Покистон дар пасманзари бад шудани равобит бо Ҳиндустон ва коҳиши назарраси ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида 25 ҷангандаи бисёрҳадафи J-10C аз Чин харидорӣ кардааст. Зимнан зикр мегардад, ки хариди ҷангандаҳои чинӣ аз ҷониби Покистон чанде пас аз он сурат гирифт, ки Нерӯҳои ҳавоии Ҳинд як гурӯҳи дигари ҷангандаҳои фаронсавии «Рафале»-ро, ки тибқи қарордод дар моҳи сентябри соли 2016 оид ба таҳвили 36 ҳавопаймо то охири соли 2022 ба имзо расида буданд, дастрас кард.
Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Ҳиндустон намехоҳад ба кашмириҳо иҷоза диҳад, ки худмуайянкуниро истифода барад, зеро агар ин рӯй диҳад, минтақаҳои дигари кишвар низ озодиро талаб хоҳанд кард. “То кунун Ҳиндустон ба муҳоҷирони ғайрикашмирӣ беш аз 4,2 миллион шаҳодатномаи истиқомати ғайриқонунӣ додааст, то ҳуввияти Кашмириёнро нест кунанд. Ин амалҳо хилофи Оинномаи СММ, Конвенсияи чоруми Женева (моддаи 49) ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд”,-гуфтааст устоди Донишкадаи кишваршиносии Покистон Рима Шаукат.
Ба андеши ӯ Ҳиндустон аз нишастан ба сари мизи гуфтушунид бо Покистон дар мавриди манотиқи Ҷамму ва Кашмир худдорӣ мекунад, ки ин аз бепарвоии вай нисбат ба уҳдадориҳое, ки дар назди ҷаҳон, Покистон ва аз хама муҳимаш бо халки Ҷамму ва Кашмир дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки имрӯз Осиёи Ҷанубӣ яке аз минтақаҳои пурмуноқиша мебошад ва ҷониби Покистон коҳиши ёфтани танишҳо ва ҳамвор гардидани роҳи сулҳи ин кишварро дар ҳалли баҳси минтақаи Ҷамму ва Кашмир медонад.
Баҳруллои М.
Радиои Тоҷикистон