Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маълум шуд
9 марти соли 2022 Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2022 ба имзо расид, хабар доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳо «Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022, «Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таълимоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» ворид карда шудаанд.
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо бояд ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 5 марти соли 2022 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Ёдрас мешавем, ки Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 9 марти соли 2022, соати 9:00 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.