Гулгузории Рустами Эмомалӣ дар оромгоҳи Ҳайдар Алиев ва гулгашти шаҳидони Озарбойҷо
Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ифодаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мардуми дӯсти Озарбойҷон ба оромгоҳи Роҳбари умумимиллии ин кишвар шодравон Ҳайдар Алиев ва гулгашти шаҳидони Озарбойҷон ташриф оварданд.
Рустами Эмомалӣ дар назди ин ду зиёратгоҳи муътабари Ҷумҳурии Озарбойҷон гулчанбар гузошта, бо эҳтиром рӯҳи гузаштагону шаҳидонро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ карданд.