Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Миср
9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср самимона истиқбол гирифтанд.