МН: Якчанд қарори дахлдор қабул шуд
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Дар иҷлосия масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ», «Дар хусуси Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018», « Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018», «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони мардумӣ Комрон Исмоилиён, Баҳриддин Зиёӣ, Равшан Раҷабзода, Абдуҷаббор Умарзода муаррифӣ намуданд.
Сипас аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.