Баъди Русия акнун Қазоқистон щам содироти ғалла ва ордро қатъ кард

Қазоқистон барои содироти ғалла ва орд маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ намуданист, ки ин ба хотири ҳифзи бозори дохилии он мебошад. Бояд гуфт, ки гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90 фоиз) ва Русия ворид карда мешаванд. Соли гузашта бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардид, ки ин яке аз омилҳои  асосии баландшавии нархи орд мебошад.

Вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев ба хабаргузории «Казинформ» гуфтааст, ки «Федератсияи Русия содироти гандум ва ғалларо муваққатан манъ кард. Мо ин вазъиятро медонем ва онро зери назорат мегирем. Меъёри миқдори ғаллаи мо имрӯзу пагоҳ мусбат аст ва мусбат хоҳад шуд. Ғаллаи мо барои истеъмол дар бозори дохилӣ кофист, барои содирот ҳамоно дар сатҳи ҳаҷми миёнаи солона кофӣ хоҳад буд».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE