9-10-уми октябр дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
9-10 октябр дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора номусоид шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борон шиддат гирифта, дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 500 метр ба барф табдил меёбад.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддати то 10-15 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
11 октябр дар ағбаҳо туман мефарояд. 11-12 октябр шабона дар ноҳияҳои кӯҳии кеишоварзӣ дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр то 1-3 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ шуда, сармозании бармаҳали тирамоҳӣ дар қабати хок эҳтимол дорад. Ҳарорати пасти ҳаво сабаби зиён дидани зироат ва сабзавоти ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо халалдор месозад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, моҳи октябр ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Даҳаи дуюм ва сеюми моҳи октябр дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли пастшавии ҳарорати ҳаво дар мавҷуд буда, боронҳои кӯтоҳмуддат, вазиши шамол ва чангу ғубор дар назар аст. Шабона ҳаво аз 9+14 то 6+11 дараҷа ва рӯзона аз 24+29 то 19+24 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш асосан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 13+14 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ эҳтимоли пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин минтақа пешгӯӣ мегардад. Дар водиҳо миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ (меъёр дар водиҳо 13-17 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ — 15-32 мм) пешбинӣ шудааст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 8+15 дараҷа (меъёр 8+150) гармиро ташкил медиҳад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона ҳаво аз 5+10 то 2+7 ва рӯзона аз 15+20 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Бориши шиддатнокиаш гуногун асосан дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пешгӯӣ мешавад.
Дар шарқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи ҳаво аз рӯи меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорат тағйир ёфта, шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8+13 то 0+5 дараҷа гарм мешавад.