Тартиби қабул ва гусели сайёҳони хориҷӣ дар фурудгоҳҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Сайёҳони хориҷиро дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат дар кадом сатҳ қабул ва гусел бояд кард? Масъалаи мазкур дар ҷараёни машғулияти омӯзишии «Тартиби қабул ва гусели сайёҳони хориҷӣ», ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд.
Машғулияти мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи маърифати меҳмонпазирии сохторҳое, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолият доранд, аз қабили кормандони мақомоти гумрук, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар машғулияти омӯзишӣ кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ вобаста ба тартиби қабул ва гусели сайёҳон дар бахшҳои бақайдгирӣ ва бехатарӣ маърӯза намуданд.
Барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.
Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии дастоварду пешрафтҳои ҳар давлат нақши муҳим дорад.