Муҳаммад Аброриддинов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Муҳаммад Аброриддинов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Сагадат Нурмагамбетов дар Алмаато медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон муштзанҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг дар финал аз варзишгари мизбон Дамир Тойбай мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифта, Қазоқистон 44 медал (10 тилло, 10 нуқра, 24 биринҷӣ), Узбекистон 5 медал (3-1-1), Қирғизистон — 2 медал (0-1-1) ва Тоҷикистон — 1 медал (0-1-0) ба даст оварданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE