Ҳудуди ноҳияи Сино аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ гардид

Дар асоси татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди пойтахт, зиёда аз 7 ҳазору 659 гектар замин ворид гардид. Заминҳои воридшуда ба ҳудуди ноҳияи Сино ба 2 ҳазору 324 гектар баробар аст. Тағйир додани сарҳади маъмурию ҳудудии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 152 аз 29-уми феврали соли 2020 амалӣ гардид. Моҳи марти соли 2021 таҳти № 49, Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе “Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе” ба тавсиб расид. Дар асоси қарори мазкур, молу амволи дар ҳудуди зиёдтар аз 7 ҳазору 659 гектар қитъаи замини бо тартиби муқарраргардида ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридгардида, эътироф ва қабул карда шуд. Қитъаҳои воридгардида ба ҳудуди ноҳияи Сино аз ҳисоби заминҳои Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Чиптеппа ва Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки масоҳати умумии он зиёдтар аз 2 ҳазору 324 гектар мебошад. Ҳамакнун ин қисмати заминҳо таҳти идоракунии муассисаву идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино қарор дорад. Дар доираи талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди ноҳияи Сино 30 маҳалла ворид гардид. 5 маҳалла аз Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, 8 маҳалла аз Ҷамоати деҳоти Чортеппа, 4 маҳалла аз Ҷамоати деҳоти Чимтеппа ва 13 маҳалла аз Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ. Шумораи хоҷагиҳои воридшуда ба ҳудуди ноҳияи Сино аз 30 маҳалла, 18 ҳазору 172 ададро ташкил медиҳад, ки теъдоди аҳолии он дар умум аз 87 ҳазору 331 нафар иборат мебошад. Дар доираи талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе иншооти гуногуни маъмуриву иқтисодӣ ва иҷтимоиву коммуналӣ дар ноҳияҳои пойтахт бақайд гирифта шуданд. Дар мақомоти ноҳияи Сино аз ҳисоби иншооти воридшуда, 12 адад муассисаҳои соҳаи маориф ва 9 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сабти ном шуданд.

http://dushanbetv.tj/

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE