ФИФА тӯби расмии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатарро муаррифӣ кард

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) тӯби расмии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатарро муаррифӣ кардааст. Дар ин мусобиқаи варзишӣ тӯби “Ал-Риҳла”, ки он асосан дар шаҳри Сиалкоти Покистон истеҳсол мешавад, истифода мегардад.  Шайх Зуҳайб Рафиқ Сетӣ, ноиби аршади раиси Палатаи савдо ва саноати Сиалкот дар суҳбат ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст,   ин бори аввал нест, ки тӯби “Ал-Риҳла”дар Ҷоми Ҷаҳон истифода мешавад.  Вай гуфт, бори сеюм аст, ки бренди Forward Sports дар Ҷоми ҷаҳонии футбол истифода мешавад.  “Ал-Риҳла тибқи фарҳанги Қатар тарҳрезӣ шудааст. Маводе, ки дар омода кардани он истифода мешавад, маводи биологӣ аст ва омода кардани он бо истифода аз маводҳои кимиёвии аз ҷиҳати экологӣ тоза асосёфта сохта шудааст”, – гуфтааст  Шайх Зоҳаиб Рафиқ Сетӣ. Мувофиқи сомонаҳои расмии варзишӣ аксари тубҳои футболро дар ҷаҳон Покистон истеҳсол мекунад. Ҳоло тамоми кишварҳои ҷаҳон махсусан мамлакатҳои аврупоӣ аз тубҳои истеҳсолкардаи Покистон истифода мекунанд.  Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2022 дар Қатар аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 баргузор мешавад. То имрӯз аз 32 даста 27 даста ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳхат гирифтаанд. Марҳилаи интихобӣ моҳи июни соли 2022 ба анҷом мерасад.

Баҳруллои Маҳмадшариф

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE