Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Пешвои миллат
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Президенти Венгрия Янош Адер дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Иҷозат фармоед, ки аз номи шаҳрвандони Венгрия ва аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон табрик намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таъмини амният ва суботи минтақаи Осиём Марказӣ нақши калидӣ мебозад. Ба Шумо итминон медиҳам, ки Венгрия минбаъд низ ба рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба, инчунин таҳкими ҳамкории байни ду кишвари дӯст содиқ хоҳад монд.
Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам”.
Дар табрику таҳнияти Президенти Украина Владимир Зеленский чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо метавонем ҳамкории байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардорем, ки ба манфиатҳои ҳарду кишвар созгор аст.
Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсонаро чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз номи мардум ва Ҳукумати Бразилия, Шуморо Ҷаноби Олӣ, барои аз нав интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику муборакбод менамоям.
Ба Шумо, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳоятон дар марҳилаи нав, муваффақияти комил таманно намуда, Шуморо дар бораи қатъияти қарорам, ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Шумо Ҷаноби Олӣ, баҳри таҳкими муколама ва ҳамкориҳо байни ҳарду кишварамон, бовар мекунонам.
Лутфан Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олӣ ва хоссаи маро пазируфта бошед”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.