Бахшида ба 85-солагии профессор Камолиддин Баҳриддинов конфиренсияи байналмиллалӣ баргузор гардид

Имрӯз дар факултети журналистикаи Д.М.Т. бахшида ба 85 солагии профессор Камолиддин Баҳриддинов конфиренсияи байналмиллалии илмию амалӣ тахти унвони «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» баргузор гардид. Дар конфиренсияи байналмиллалии илмию амалӣ тахти унвони «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо»  бахшида ба 85 солагии устоди Д.М.Т, профессор Баҳриддин Камолиддинов, устодони Д.М.Т. меҳмонон тарики онлайн аз Чумҳуррии Узбекистон  ва шогирдони Баҳриддин Камолиддинов доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ баромад намуда порчаҳои видеоии дар рафти дарс гуфтани ӯ  сабт шударо чун лавҳаҳои хотиравӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокдорони конфронс гардониданд. Моҳира Мирзоева доктори илмҳои филология мегӯяд-  «Баҳриддин Камолиддиинов нисбат ба яке аз сутунҳои ҳастии миллату давлат бетараф набуда баҳри покизаги забони тоҷикӣ ҳамчун фарзанди содиқи ватан то дами охирин истодагари кардаанд».

Ба иттилоъи Мушаррафа Ҷӯраева профессор мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Д.М.Т. профессор Баҳриддин Камолиддинов  60 соли умри хешро сарфи таълиму тарбия намуда чандин китоб ва мақолаҳои илмӣ доир ба имлои забони тоҷикӣ дастраси хонандагон гардонидааст, ки имрӯз он китоби рӯи мизии донишҷӯён мебошад.

Вақте ки ба аёдати падарам мерафтем ва гирди дастархон ҷамъ мешудем ҳатман сухан дар бораи донишҷӯён буд ва  аз  дастовардхои онҳо хурсанд мешуд. Меҳри зиед ба донишҷӯён доштанд.Он матнҳои дилчаспе, ки шогирдон мехонданд падарам бо як эҳсосот бо як ҳаяҷон ба мо бозгӯи мекарданд. Мегӯяд фарзанди устод омӯзгор Фаридун Камолиддинов.

Инчунин ба ифтихори конференсияи мазкур ва 85 солагии профессор маҷмӯъи мақолаҳои илмии тамоми  донишмандону олимон аз дохилу хориҷи кишвар  гирд оварда шуда  ба шакли  китоб  таҳти унвони «Умре, ки фидои илм гардид» интишор шуд. Ҳамчунин фарзандони устод Баҳриддин Камолиддинов синфхонае бо номи «Камоли сухан» таъсис додаанд, ки дар он маҷмӯи китобҳои навиштаи  профессор Баҳриддин Камолиддинов ва китобҳои истифода намудаи ӯ барои мутолиаи насли наврас ҷамъоварӣ  гардидааст.

Холова Умеда

Садои Душанбе  

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE