Grand Slam Hungary бе иштироки паҳлавонони тоҷик баргузор мегардад

Аз  23 то 25  октябр дар шаҳри Будапешти Венгрия Мусобиқаи байналмилалии дзюдо  — Grand Slam Hungary бидуни варзишгарони тоҷик сурат мегирад. Тавре дар хабари қаблӣ иттилоъ дода будем, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд бояд Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг намояндагӣ мекарданд.

Вале, тавре АМИТ “ХОВАР”  хабар дод, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист. Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад. Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба дзюдо  баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди дзюдо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад.  Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE