Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо карданд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Русия Игор Краснов дируз, 26 июл дар  Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо намуданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд.

Хотиррасон мешаваем, ки 25-26 июл ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни мулоқоти дуҷониба миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов робитаҳои зич ва муҳими ҳамкории мақомоти  прокуратураҳо махсус  таъкид карда шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои  мухталифи  ҳамкориро  дар самти пешгирии ҷиноятҳои  муташаккили  фаромиллӣ, таъмини амният  дар самти миллӣ,  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории    идеологияҳои  гуногуни динӣ — радикалӣ дар ҷомеа  алоқаманданд,  баррасӣ намуданд.


Вобаста ба вазъи  мураккаб дар Афғонистон  масъалаи мубориза  бо терроризму экстремизм  ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ муҳокима гардид.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарду кишвар дар самти тафтиши муштараки  парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ,  масъалаҳои  истирдод ва дигар масъалаҳои  муҳими соҳа  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE