Медали нуқраи Шодмон Ризоев ва биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷудои Осиё

Ҷудокори 20 солаи тоҷик Шодмон Ризоев зери вазни то 81 кг  дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур -Султони Қазоқистон нишони нуқра ба даст овард.

Шодмон дар даври ниҳоии мусобиқа муқобили ҷудокори ҷопонӣ Такеши Сасаки рақобатро хуб оғоз кард, лек дар идома аз як аксулҳуҷум дар сонияҳои аввали рақобат ҷудокори ҷопонӣ истифода бурда, бо имтиёзи иппон Шодмонро мағлуб кард ва нишони тилло ба даст овард.

То ба даври ниҳоии зери вазни то 81 кг роҳ ёфтан,  Шодмон Ризоев –  Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, Владамир Золоев ва  Асад Масабиров ҳар ду аз  Қирғизистонро мағлуб карда  ба финали Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон роҳ ёфта буд.

Ҷудокори тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо барои ба даст овардни нишони биринҷӣ рақобатро ба ҷудокори ӯзбек Обидхон Номонов бохт. Як иштибоҳ боис шуд, ки дар ин рақобат Беҳрӯз ноком гардад. Ҳамин тавр, Беҳрӯз Хоҷазода миёни 16 ҷудочии вазни то 73 кг зинаи 5-умро дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон касб кард.

Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар аввалин қувваозмоиҳояш зери вазни то 81 кг барандаи нишони биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар Қазоқистон гардид. Аз ин пештар Сомон зери вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард.

Сомон барои ба даст овардани нишони биринҷӣ ҷудокори қирғиз Асад Масабировро шикаст дод.

Сомон Маҳмадбеков то ба расидани ин марҳила зери вазни то 81 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили ҷудокори ӯзбек Рамазон Аллабердиев дастболо шуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудочии ҷопонӣ Такеши Сасаки ноком гардид ва ба даври тасаллобахш рафт. Сомон дар даври тасаллобахш ҷудокори муғул Эрденбайар Батзайаро бо имтиёзи иппон аз сари роҳ бардошт ва барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо ҷудокори қирғиз Асад Масабиров рӯи татамӣ қувваозмоӣ карда, ғолиб омад.

 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE