Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 32-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳи хосса таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил шуд. Нахуст бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯён роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши идона ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода ҳозиринро бо фарорасии 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият барои ҳар миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
«Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоят ба дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст»,- иброз намуд Қобилҷон Хушвақтзода.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, доир ба дастовардҳои назарраси замони истиқлолият сухан гуфтанд.
Матлубахон Сатториён вобаста ба рушди илму маориф дар замони истиқлолият иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба неруҳои ақлонии мамлакат, махсусан олимон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз донишу малака, хулосаҳои илмӣ ва дархосту пешниҳодҳои онҳо васеъ истифода менамояд.
Гуфта шуд, ки рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин соли 2023 барои соҳаи маориф 7 миллиарду 210 миллиону 355 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2022 13% зиёд буда, 5,7%-и Маҷмуи маҳсулоти дохила ва 18,9%-и буҷети давлатиро дар бар мегирад.
Дар идома ба устодону кормандони донишгоҳ мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ супорида шуд.
Устодони донишгоҳ бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ин дастгириҳои Пешвои миллат мо, маорифчиён ва аҳли илмро водор месозад, ки бо масъулияти баланд пайваста дар баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимии мамлакат бештару пештар кор барем.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯён ва ансамбли донишгоҳ барномаи фарҳангии тараннумгари Ваҳдату Истиқлол пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.