Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия аз 9 ноябри соли 2020 оид ба оташбаси комил ва қатъи тамоми амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд.

Мо аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE