ЗИНДАГИИ МАЪЮБОН ДАР ДАВРАИ КОРОНАВИРУС ВА ПАС АЗ ОН. Дар Арманистон машварати корӣ доир шуд

Аз 11 то 13 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон таҳти унвони «Зиндагии мустақили маъюбон дар давраи бемории ҳамагир ва пас аз он»  машварати корӣ доир гардид, ки дар он аз Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Қудратулло Қурбонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев иштирок намуданд.

Дар машварат  мутахассисони якчанд кишвар, аз ҷумла Россия, Арманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон низ иштирок намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон вобаста ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва амалишавии он дар мамлакат маълумот доданд.

Дар машварат таҷрибаи Арманистон дар самти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва амалишавии он дар ин кишвар аз ҷониби мутахассисони Тоҷикистон омӯхта шуд.

Ёдовар мешавем, ки 22 марти соли 2018 дар ҳошияи ифтитоҳи  чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардид. Он 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт.

Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» қабул гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE