Омодагии соҳаҳои гуногуни ноҳияи Ашт ба зимистон
Новобаста аз сардии ҳавои имруза, тамоми муасисисаҳои тиббӣ ва таълимии ноҳияи Ашт фаъолият дошта, дар онҳо миқдори лозимаи маводу сихту ҳезум ва дигар ашёи лозима захира карда шудааст. Ба маълумоти мақомоти маҳал, дар ҳамагуна вазъи ҳаво таҳсил дар синфхонаҳои мусоид идома ёфта, табибон дар сатҳи баланд ба сокинон хизмати тибию санитари хоҳанд расонид. Ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода ин мавзӯро пайгирӣ намудааст:
Карори Ҳукумати ЧТ «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисоди ва иҷтимоиёт барои фаъолияти самарабаш ва мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 -2021» дар ноҳияи Ашти вилояти Сугд дар сатҳи баланд ба иҷро расонида шуда имруз хоҷагии ҳалки он раванди зимистонгузарониро хуб пасисар намуда истодаанд. Зуҳриддин Эшматов – Мудири Шуъбаи рушди иқтисод ва савдои МИХД н. Ашт мегуяд, дар ин самт аз буҷаи маҳал саривакт маблаг ҷудо гардида, ангишту ҳезум ва дигар маводи сухт харидори гардидааст. Ба таъкиди у имруз муасисаҳои тибию таълимии ин ноҳия дар шароити мусоид фаъолият дошта, хонадагон пайи омузиш ва табибон дар расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ қарор гирифтаанд.
Фасли зимистон барои сокинони минтақаҳои куҳистони мамлакат хеле мушкилоти ҷиддиро пеш меорад. Дар ноҳияи Ашт ба мавсими зимистонгузарони аз қабл омодаги чараён гирифта, тамоми муасисаҳо аз таъмир бароварда шуда, бо печҳои алови, барки таъмин ва дегхонаҳо ба кор андуохта шудаанд. Ба гуфтаи Зуҳриддин Эшматов – Мудири Шуъбаи рушди иқтисод ва савдои МИХД н. Ашт мактабҳои ин ноҳия дар баробари мақомоти маҳал аз ҷониби кумитаи волидайни хонандагон ва соҳибкорон таъмир ва бо маводи сухт таъмин карда шудаанд.
Ба хотири дар фасли сармо ба ниёзмандон расонидани кумаки тибби, бунгоҳ ва марказҳои саломатии деҳоти н. Ашт низ бо маводи корию сухт ҳамаҷиҳата фарогирифта шуда, имрузҳо фаъолияти худро пеш бурда истодаанд. Ба гуфтаи Зуҳриддин Эшматов – намояндаи макомоти маҳал, ҳифзи сиҳатии мардум дар маркази таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва макомот қарор дошта, дар ин самт ба ин муасисаҳо пайваста кумакҳои иловаги манзур гардонида мешавад.
Сардиҳои аввали фасли зимистон имруз тамоми кишварро фарогирифтааст. Раванди зимистонгузаронӣ, дар бахшҳои алоҳидаи хоҷагии ҳалки шаҳру ноҳияҳо, бори дигар нишон хоҳад дод, ки то чи андоза масъулин ба ин мавсим аз кабл омодагӣ дидаанд. Ба маълумоти масъулини ноҳияи Ашт захираи маводи сухт, хурока, махсулоти кишоварзи ва дигар маводи ниёзи мардум, аз он гувоҳи хоҳад дод, ки хоҷагии халқи ин ноҳия сардиҳои зимистонро бе мушкилот паси сар хоҳад кард.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе