ШАХСИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН ТАВЪАМ АСТ

«Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил қариб ҳамеша зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд будааст. Шахсияти президенти амалкунандаро аз таърихи муосири Тоҷикистон ҷудо кардан ғайриимкон аст», — изҳор намуд Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои таърих зимни мусоҳиба бо Sputnik дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистони имрӯза — парвардаи дасти Эмомалӣ Раҳмон аст.

Коршинос илова намуд, ки теъдоди зиёди «маҳдудият» садди роҳи рушди ҷумҳурӣ мебошанд.

«Инҳо сохтори иқтисодиёт, фишори демографӣ ва инчунин мероси ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро комилан хароб намуд, мебошанд. Дар чунин шароит роҳбарӣ намудани кишвар хеле мушкил аст», — гуфт А. Грозин, коршиноси масоили амнияти миллӣ ва ҳамкории баргузидагон дар кишварҳои пасошӯравии Осиё.

Ба қавли сиёсатшиноси рус, он ки Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба масири рушди мӯътадил ворид шудааст — ин хидмати Эмомалӣ Раҳмон ва одамонест, ки вай ба дастаи худ ҷалб кардааст.

«Ба Эмомалӣ Шарипович даъвоҳои  зиёд пешкаш карда мешаванд, ки гӯё ӯ кадом кореро нодуруст кардааст ё чизеро то ба охир нарасонидааст. Вале аз дур истода, ҳукм кардан ҳама метавонанд. Ба ҳама чиз бояд бо дидаи ақл нигарист ва мунсифона баҳо дод”, — афзуд ӯ.

Ба ақидаи Грозин: «Эмомалӣ Раҳмон комилан сарвари муваффақ ва мусбат мебошад. Интихоботи гузаштаи президентӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маҳз субот арзиши умда, асосӣ ва баҳснопазир аст».

«Субот дар Тоҷикистон маҳз ба шахсияти президенти амалкунанда рабт дода мешавад», — зикр намуд ӯ.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE