Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд машварати минтақавии сайёҳиро доир менамояд
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки 19-20 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон машварати минтақавии сайёҳиро бо иштироки намояндагони мақомоти сайёҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор намояд. Ин машварат дар чорчўби иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Милали Муттаҳид (UNWTO), ки дар шаҳри Самарқанд идома дорад, доир карда мешавад. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
17 октябр дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ин иҷлосия Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Самарқанд намояндагони беш аз 140 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили, ҳайати Кумитаи мазкур ва коршиносони байналмилалии сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар Маркази конгресси «Роҳи Абрешим»-и шаҳри Самарқанд Намоишгоҳи молу маҳсулотҳои сайёҳӣ доир гардид, ки дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ- Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи сайёҳии худро дар формати рақамӣ ташкил намуд. Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо истифода аз ин гӯшаи муосири сайёҳии мамлакат имкониятҳои хизматрасонии худро дар шакли бурқа ва буклетҳои таблиғотӣ манзури ҳаводорони сайру сайёҳат гардониданд.
Зимнан бояд гуфд, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории Самарқанд Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 адад лоиҳаҳои сармоягузории сайёҳиро пешкаши сармоягузорони хориҷӣ гардонид. Ҷараёни кори форум аз ҷониби намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардида истодааст.