Тоҷикистон ва Канада хостори ба роҳ мондани парвозҳои мустақим гардидаанд
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахши авиатсияи гражданӣ миёни Тоҷикистон ва Канада зимни мулоқоти муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Канада — Кери Видней ва Барбара Дурест дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мусоҳибон оид ба низоми таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Канада дар соҳаи авиатсияи гражданӣ собиқаи ҳамкории чандинсола дошта, дар оянда барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим ҷаҳду талош менамоянд.