Парчами Тоҷикистон дар баландтарин нуқтаи Антарктида ва тӯли ҳафт моҳ дар кайҳон парафшон буд

Парчам шиносномаи ҳар давлат аст, ки аз рӯйи он кишварро ба расмият мешиносанд. Бо доштани Парчами давлатӣ мебояд ифтихор намуд ва нисбат ба он эҳтиром зоҳир кард.

24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 Парчами давлатӣ дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасдиқ карда шудааст, ки барои қабули он 2 сол зарур омад.

Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки чанд далели қобили таваҷҷуҳро роҷеъ ба мавзӯъ пешниҳоди хонандагон намояд.

Парчами Тоҷикистон дар кайҳон ва Антарктида

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гӯшаҳои гуногуни Замин ва ҳатто ба кайҳон “сафар кардааст”. Дар тӯли солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии кишвари мо борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд баарфйрохта шудааст. Он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, дар баландтарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд.

Чанд сол қабл ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дипломатҳои кишвар ба қуллаи кӯҳи Фудзиямаи Ҷопон баромаданд ва дар он ҷо Парчами давлатии кишвари моро барафрохтанд.

Инчунин тоҷикписари қирғизистонӣ Солиҷон Шарипов 23 январи соли 1998 ба кайҳон парвоз намуд ва бо худ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳ гирифт. Ин парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE