АБДУҚАҲҲОРИ ҚОСИМ  ИДОМАДИҲАНДАИ  РОҲИ  УСТОД МИРЗО  ТУРСУНЗОДА   

    Дар доираи Форуми кушоди дӯстии халқҳо дар Перм Форуми IX умумироссиягии ваҳдати миллӣ аз ҷониби Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ҷаласаи панелии «Дипломатияи мардумӣ: таҷриба ва дурнамо» баргузор гардид.

     Анҷумани халқҳои Русия ҳамчун ҳамкор-ташкилотчӣ баромад намуда, намояндагони мақомоти ҳукумат, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иштирокчиёни Озмуни I байналмилалии “Пешсафи дипломатияи мардумӣ” ва намояндагони 36 давлати дунё иштирок намуданд.

     Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои таблиғ ва рушди минбаъдаи дипломатияи мардумӣ тавассути механизмҳои муосири ҳамкориҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ, илмӣ, маориф ва соҳибкорӣ иборат буд. 

     Боиси тазаккур аст, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи байналмилалии панелӣ Раънохон Бобоҷониён, вакили Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи журналистикаи телевизионии Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода, Абдухалил Ғафурзода, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун коршиносони байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

      Инчунин дар кори Форуми кушоди дӯстии халқҳо ва ҷаласаи панелӣ шоир, суруднавис ва рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчун идомадиҳандаи роҳи устод Мирзо Турсунзода иштирок намуда, оид ба таҷрибаи пешқадам аз фаъолияти худ дар ҳамкорӣ бо Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва ташкилотҳои байналмилалии ҷамъиятии дунё дар соҳаи санъату фарҳанг, оммавигардонии забон, адабиёт ва санъат, таҳкими эътимоди дустӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ки беҳтарин дастоварди дипломатияи фарҳангӣ мебошад, суханронӣ намуд.

    Аз ҷумла Абдуқаҳҳори Қосим чунин иброз дошт, ки дипломатияи мардумӣ роҳ ба ҷаҳони умед, муҳаббат ва пули байни дилҳост. Ин роҳи сулҳу амонӣ, шаъну шараф ва фидокории инсоният аст. Дӯстии мардуми дунё, ҳамфикрӣ ва муносибатҳои хирадмандона одамонро қонеъ мегардонад ва сулҳу осоишро таҳким мебахшад. Муттаҳид шудани садои мардуми ҷаҳон бидуни тафовут аз ранги пӯст, дин, ҷинс ва нажод эътимодро ба вуҷуд оварда, гарави ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва маданию фарҳангӣ хоҳад буд.

     Боиси тазаккур аст, ки Абдуқаҳҳори Қосим дар тамоми чорабиниҳое, ки дар доираи “Форуми кушоди дӯстии халқҳо” дар вилояти Перми Русия баргузор гардид, иштироки фаъолона намуда, аз ҷониби Котиби генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё бо сипоснома “Барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ташаббуси эҷодӣ ва таҳкими “Дипломатияи мардумӣ” сарфароз гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE