Кумакҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои афсарону сарбозон ба ВМКБ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои 4000 нафар сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастархони идона орост. Ҳамчунин ӯ ба 750 оилаи афсарон кумаки озуқаворӣ иборат аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва ба 160 нафар афсарзанон кумаки пулию моддӣ расонид.
Соҳибкор инчунин ба қисмҳои низомии ниҳодҳои болозикр 25 адад телевизор, 25 адад мизи дарзмолкунӣ, барои 2100 сарбозон либосҳои гарми зимистона ва маводи гигиенӣ, инчунин 4 сар чорвои калони шохдор, 50 сар чорвои хурд ва 700 паранда тақдим кард.
Бояд гуфт, ки кумаки расонидашуда дар маҷмуъ 70 тоннаро ташкил дод. Аз ҷумла роҳбари ҶДДМ «Сарманзил» барои 605 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиа дастархони идона ороста, ба 83 оилаи афсарон кумаки моддӣ ва ба 5 нафар кумаки пулӣ расонид.
АКС: АМИТ «Ховар»