Доварони риштаи дзюдои тоҷик дарсҳои такмили ихтисос гузаштанд
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир барои баланд бардоштани маҳорати доварони ҷумҳурӣ 7-8 январ дарсҳои такмили ихтисос ташкил карда шуданд.
Дарсҳо бо раҳбарии довари дараҷаи байналмилаӣ Рамзӣ Шамиров ва раиси Кумитаи доварони Федератсия Зариф Назриев доир гардиданд, ки онҳо аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буданд.
Дар ФДТ таъкид намуданд, Президенти Федератсияи дзюдо Исмоили Маҳмадзоир ният дорад дар дарсҳои такмили ихтисосии доварон дар оянда доварон ва сардоварони хориҷиро ҷалб намояд.