HUNGARY MASTERS 2023. Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа муайян шуд

4-6 август дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) Мусобиқаи  Hungary Masters-2023   баргузор мешавад, ки дар он шаш варзишгар аз  Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи низомнома, дар мусобиқа варзишганоне, ки дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар 38-гона мавқеъ гирифтаанд, иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз ҷумла Эмомалии  Нуралӣ (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг),  Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг),  Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 196 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, барандагони медали нуқра 4000 евро ва медали биринҷӣ 2000 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеяшон дар радабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ хол мегиранд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 хол, ҷоизадорони ҷои дуюм 1260 ва ҷои сеюм 900 хол мегиранд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE