Ҳушдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар  мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 18 январи соли равон дар аксари ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва водиҳо шабона дамои ҳаво аз -17-22 то -12-17 дараҷаи хунукӣ ва рӯзона -8-13 дараҷа мегардад.

Дар навоҳии кӯҳӣ шабона сардӣ – 22-27 ва рӯзона -10-15 дараҷа хоҳад буд.
Дар шарқи ВМКБ сардии ҳаво шабона -38-43 ва рӯзона -27-32 дараҷа мешавад.
Роҳҳои мошингард ях мебанданд, ки ҳаракати мошинҳоро мушкил хоҳанд кард.
То 16 январи соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе – Сангвор, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб хатари лағжиши тарма ва сангу рег боқӣ мемонад.
Вобаста ба ин КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!
Ҳангоми гашту гузор дар кӯчаҳо аз яхбандӣ, яхҳои овезони бомҳо худро эҳтиёт кунед.
КҲФ аз хадамоти комуналӣ ва соҳибони хонаҳо хоҳиш мекунад сари вақт барои аз барф тоза кардани бому девори хонаҳои худ чораҳо андешанд.
Тавсеа дода мешавад, ки вақти истифода аз асбобҳои барқии гармкунанда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Бухориҳое, ки бо ҳезуму ангишт гарм мегарданд, назорат карда шаванд.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо рақамҳои зерин ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявии он муроҷиат намоед.
Рақамҳои навбатдорӣ: 112, 221-91-19, 223-13-11, 93 880 28 19.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE