Намояндаи «Толибон»* иддао кард, ки Илон Маск аслан аз Афғонистон аст

Генерали “Толибон”* Мобинхон Муҳаммад дар саҳифаи твиттераш эълон кард, ки миллиардер Илон Маск дар Афғонистон таваллуд шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи «Толибон»*, Илон Маск дар ноҳияи Озари вилояти Лӯгари Афғонистон ба дунё омада, ҳоло дар Амрико ба ҳайси паноҳанда умр ба сар мебарад. Дар робита ба ин вазъ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба Маск муроҷиат карда, аз ӯ хостаанд, ки дар твиттер шарҳ диҳад.

Барои маълумот, миллиардер Илон Маск дар Претория, пойтахти маъмурии Африқои Ҷанубӣ таваллуд ва ба воя расидааст. Ӯ дар синни 17-солагӣ ба Канада кӯчид ва дар Донишгоҳи Квинси Кингстон таҳсил гирифтааст. Пас аз 2 сол таҳсилашро дар Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА идома додааст.

Толибон*-Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE