Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми санҷиширо бо дастаи Ироқ мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия нахустин бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳарифони дастаи мо ҷавонони Ироқ (U-20) буданд. Вохӯрӣ 23 январ дар маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ» доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.
Бозии навбатии санҷишии худро дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия тими ҷавонони Тоҷикистон 26 январ бо бошгоҳи «Бухоро», ки роҳбарии онро дастпарвари футболи тоҷик Ҳаким Фузайлов бар уҳда дорад, баргузор мекунад.
Бозии санҷишӣ
ТОҶИКИСТОН (U-20) – Ироқ (U-20) – 0:0
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳайитов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдозода.
23 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».
Акс: ФФТ