Бар асари сангрезӣ се хона дар Рӯшон осеб дидааст

Субҳи рӯзи 23-юми январ низ дар ҳудуди деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бар асари офати табиӣ се хонаи истиқоматии ин деҳа осеб дидааст.

“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавҷулодда муайян мекунад”, – хабар медиҳад КҲФ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE